ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тавре масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 аз ҷониби субъекти хоҷагидори кишвар ба ҷумҳурӣ 613,3 ҳазор тонна гандум ба маблағи 143,6 млн. доллар бо нархи миёнаи 234 доллар барои як тонна ворид карда шудааст.
Ба иттилои ин ниҳоди давлатӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 149,6 ҳазор тонна ё 32,2% афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон масъулини ин ниҳод қайд карданд, дар моҳҳои январ-июни соли 2025 бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 66 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.
Инчунин ин ниҳод қайд кардааст, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ истеҳсоли гандум низ дар кишвар 579 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 2,8 ҳазор тонна ё 3,7% зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои ҳамин ниҳод Тоҷикистон воридоти ордро 36,6% коҳиш додааст.
Таъкид шудааст, ки дар шаш моҳи соли равон ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна орд ба маблағи 7,4 миллион доллар бо нархи миёнаи 306 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст., ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 14 ҳазор тонна ва ё 36,6% коҳиш ёфтааст.
Қайд ккарда шудааст, ки ба воридоти орд ба ҷумҳурӣ 25 субъекти хоҷагидорӣ машғул ҳастанд.
Зикр карда шудааст, ки аксари орд ба кишвар аз кишвари Қазоқистон ворид мешавад. Аз ин кишвар ба Тоҷикистон 92,8% ба Тоҷикистон орд ворид гардидааст.
Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Русия дар ҳаҷми 5,2%, Узбекситон 1,9% Туркия 0,03% ва ҳатто аз Итолиё 0,01% харидорӣ намудааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба миёдори 303,6 ҳазор тонна орд истеҳсол кардааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,8 ҳазор тонна ё 15,5% афзоиш ёфтааст.