“Солимгардонӣ”: “Барқи тоҷик” қарзҳояшро чӣ гуна танзим мекунад?

“Барқи тоҷик” аз коҳиши қарзҳои кредиторӣ ва афзойиши қарзҳои дебитории худ хабар дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Қарзҳои кредитории ширкат дар қиёс бо солҳои пешин ҳудуди 30% коҳиш ёфта, қарзҳои дебиторӣ дар қиёс бо аввали соли равон 8,1% афзудаанд.
Рустам Маҷидзода, сардори Раёсати молияи “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон дар 6 моҳи соли ҷорӣ як қатор тадобири солимгардонии вазъи молии ширкат рӯи даст гирифта шуданд.
“Яке аз ин тадобир таҷдиди назар сари созишнома бо ширкати “Сангтӯда-1” буд ва айнан ба чунин тартиб бо ширкати “Сангтӯда – 2” тавофуқоте ба даст омаданд, ки мӯҷиби беҳтар шудани вазъи молии “Барқи тоҷик” шуд”, - гуфт Рустам Маҷидзода.
Вай афзуд, 25 апрел дар Маскав байни Тоҷикистон ва Русия протоколе ба имзо расид, ки як қатор ислоҳот дар тавофуқномаи феълӣ дар мавриди истифодаи нерӯгоҳи “Сангтуда – 1” –ро пешбинӣ мекунад.
“Нахуст, харидориҳои имтиёзноки барқ аз “Сангтӯда-1” барои давраи аз 2025 то 2032 эҷод шуд ва таърифаи барқ тақрибан 2,5 баробар ё аз 3 сент ба 1,5 сент коҳиш ёфт. Дуюм, дар давоми ин давра, ҳазфи тадриҷии қарзи мавҷуд сурат мегирад”, - гуфт сардори Раёсати молияи “Барқи тоҷик”.
Истеҳсоли қувваи барқ дар ВМКБ 5 баробар афзуд
Ба қавли ӯ, қарзи “Барқи тоҷик” пеши “Сангтӯда – 1” то 1 январи соли 2025 ба 297 млн. доллар мерасид ва бино ба тавофуқоти ҷадид, ин қарза аз 2025 то 2033 солона ба маблағи 25 млн. доллар ба шарти пардохти саривақтӣ ва комил барои барқи феълӣ ҳазф хоҳад шуд.

“Барои нимаи аввали соли 2025, “Барқи тоҷик” ҳеҷ қарзе ба нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” надорад ё соддатар бигӯем, дар 6 моҳ қарз наафзудааст. Дар ин давра “Барқи тоҷик” аз “Сангтӯда 1” ба маблағ 257 млн сомонӣ барқ дарёфт ва 258 млн сомонӣ пардохт кард”, - гуфт Рустам Маҷидзода.

Ба қавли ӯ, 28 майи соли 2025 байни ширкати “Барқи тоҷик” ва “Сангтӯда – Сангоб” (Эрон) ё Сангтӯда – 2 созишномаи иловагии дуюм ба имзо расид, ки айнан ба чунин тартиб амалӣ хоҳад шуд.
“Дар натиҷаи ин созишнома як қисми қарзҳои “Барқи тоҷик” пеши “Сангтӯда – 1” тамдид карда шуданд ва уҳдадориҳои ҷории се соли минбаъда низ коҳиш ёфтанд”, - гуфт сардори Раёсати молияи “Барқи тоҷик”.
Вай афзуд, дар охири соли 2024 як қисми қарзҳои “Барқи тоҷик” пеши вазорати молия низ коҳиш дода шуд.
"Барқи тоҷик" дар ним сол 10,6 млрд кВт*соат барқ фурӯхтааст.
Ба ҳамин минвол, тибқи иттилои расмӣ, қарзҳои кредитории “Барқи тоҷик” пеши “Сангтӯда 1” - 3,4, “Сангтӯда 2” - 3,7, нерӯгоҳи Роғун – 1 ва вазорати молия - 12 млрд. сомонӣ, дар маҷмуъ 20,1 млрд. сомониро ташкил мекунад, ки дар қиёс бо соли 2020 (29,5 миллиард сомонӣ) ҳудуди 30% коҳиш ёфтааст. Он замон ширкат аз вазорати молия 23, 7, нерӯгоҳҳои “Сангтӯда 1” ва “Сангтӯда – 2” мутаносибан 1,5 ва 1,9, аз Бонки тиҷоратии Чин - 2,4 миллиард сомонӣ қарздор буд.

“Қарзҳои суннатӣ”

Дар ҳамин ҳол, қарзҳои дебиторӣ ё муштариён аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ширкати алоҳида, аммо марбути “Барқи тоҷик”, тайи ним соли гузашта ҳамоно рӯ ба афзоиш аст, ба истиснои беҳбуд дар пардохтҳои муштарии аслии ширкат – аҳолӣ.
Бино ба иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ширкати алоҳида, аммо марбути “Барқи тоҷик”, дар ҳоли ҳозир теъдоди истифодабарандагони барқ дар Тоҷикистон 1 миллиону 700 миллион муштариро дарбар мегирад. Аз ин теъдод 1,6 млн муштарӣ аҳолии кишвар ҳастанд, ки 50% барқи тавлидотиро истифода мебаранд ва ҳамзамон бузургтарин қарздори барқ ҳастанд.
Бо он вуҷуд ки аҳолии Тоҷикистон аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ҳамоно бештарин қарз ба маблағи 1,7 миллиарду 699 миллиону 185 сомониро доранд, ин рақам дар қиёс бо оғози соли равон (1 миллиарду 739 миллиону 481) беш аз 40 миллион ё 2,3% камтар аст.
Абдуалим Самеъзода, масъули “Шабакаҳои тақсимоти барқ” гуфт, тайи ним соли гузашта қарзи аҳолӣ на фақат афзуда нашудааст, балки 40 млн. сомонӣ аз қарзи умумӣ ҳам кам шудааст.
“Коҳиши қарзи аҳолӣ аз барқ дар пайи рӯи даст гирифтани як идда тадобир даст додааст, аз ҷумла аз хонаҳо берун овардани ҳисобкунакҳои барқӣ, ҷорӣ кардани низоми биллингӣ, ирсол кардани паёмакҳо бо ҳисобу маблағи дақиқи барқ ва тағйирот дар қонунгузорӣ, ки барои истифодаи ғайриқонунии барқ ҷазо ҷорӣ шуд”, - гуфт Абдуалим Самеъзода.
Соли равон дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бар моддаи 253 замимаи 1 изофа шуд, ки бино ба он, барои дахолат ба кори таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва истифодаи барқ бе ҳисобкунак на фақат ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима, балки аз 3 то шаш соли зиндон низ пешбинӣ шудааст.
Аз ТАЛКО то "Роғун": қарздорони асосии барқ маълум шуданд
Аммо коҳиши қарзи аҳолӣ чандон вазъи қарзҳои дебитории “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – ро тағйир надод. Дар умум, маблағи умумии қарзҳои дебиторӣ 4 миллиарду 465 миллиону 995 ҳазор сомониро ташкил мекунад, ки дар қиёс бо аввали сол (4 миллиарду 130 миллиону 646 ҳазор сомонӣ) 335 миллиону 349 ҳазор сомонӣ ё 8,1% зиёд аст.
Ин афзоиш ба афзудани қарзҳои ширкати “Талко” - 718 миллион ё 25% бештар аз оғози сол, Обу корези ҷумҳурӣ - 113 миллиону 602 ё 6,3%, муассиса ва ташкилотҳои буҷетӣ – 104 миллиону 493 ҳазор ё 46,3%, ширкати “НОБ Роғун” 53 миллиону 458 ҳазор ё 279,9%, пойгоҳҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон - 237 миллиону 274 ҳазор ё 25,9%, дигарон – 1,5 млрд. 540 миллиону 5 ҳазор ё 7,1% марбут аст.
Тибқи иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, тайи ним соли равон 8 миллиарду 369,95 миллион киловат-соат барқ ё 16,1% бештар ба муштариён барқ расонда, 3 млрд сомонӣ ё 89,2% - и маблағи онро тавонистааст ҷамъ кунад. Ин камбуд ҳам рабт мегирад ба ҳамин “қарздорони суннатӣ”, ки дар боло зикрашон рафт.