ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Пойгоҳҳои обкашии "Сомғар-1", "Хоҷабақирғон-1"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Марҳам”-и шаҳри Конибодом фарсуда шуда, ба сармоягузорию навсозӣ ниёз доранд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энержии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ахиран, вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов бо фаъолияти ин пойгоҳҳо шинос шудаанд.
Мақсади боздид бошад, баррасии роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти беҳсозии зерсохторҳои обкашӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мубодилаи таҷриба ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои об дар минтақа гуфта мешавад.
Зимни боздид иттилоъ дода шудааст, ки пойгоҳҳои мазкур дар солҳои 50-ум ва 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, ҳамчун иншооти муҳими обрасонӣ барои обёрии ҳазорҳо гектар заминҳои кишоварзӣ хизмат менамоянд.
Вале, дастгоҳҳо дар натиҷаи истифодаи дарозмуддат фарсуда гардида, ба таҷдиду навсозӣ доранд. Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин, истеъмоли неруи барқ низ, аз меъёр зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки пештар вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Узбекистону Қазоқистон, Шавкат Ҳамроев ва Нуржан Нуржигитов масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба истифодаи захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, раванди иҷрои Протоколи сеҷониба оид ба реҷаи кории обанбори "Баҳри Тоҷик” дар моҳҳои июн-августи соли 2025-ро баррасӣ карданд.