ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Давоми шаш моҳи соли равон дар бозору дӯконҳои Тоҷикистон чандин намуди маҳсулоти пастсифат муайян шудааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ғайбулло Муҳиддинов сардори Раёсати Идораи "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд хабар дод.
Ба гуфти намояндагони ин ниҳод як қисми маҳсулот барои надоштани сертификат ва қисми дигар бо роҳи қочоқӣ ворид шудааст.
Ҳамин тавр, "Тоҷикстандарт" дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла:
13 780 қуттӣ тамоку;
150 кг маҳсулоти қаннодӣ;
1084 литр машруботи спиртӣ;
888 литр оби ҷав;
978 000 адад сарпӯши банкаро ошкор кардааст.
Арзиши умумии молу маҳсулоти ошкоршуда, 606 800 сомониро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки маводҳои мазкур, феълан дар баррасии додгоҳ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.