Суғд содироти маҳсулотро ба хориҷи кишвар афзоиш дод

Содироти молу коло аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар давоми шашам оҳи соли равон, 73% афзуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Содироти маҳсулот аз вилояти Суғд давоми ним соли ҷорӣ, 307,1 миллион долларро ташкил дод.
Дар ин бора, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфти ӯ, содироти молу коло ё 73,1% афзуда, ба 727,2 млн. доллар баробар шудааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-июни соли 2025 ба 2 млрд доллар расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 135,9% таъмин гардидааст.
Дар баробари ин, ҳаҷми воридот 1,3 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 222,2 млн доллар ё 21,1% афзудааст.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо бошад, бино ба гузоиши раиси вилоят, дар 6 моҳи соли 2025 ба 10,0 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба 104,7% баробар гардид.
Миллионҳо ва миллиардҳо: натиҷаи кори мақомоти вилояти Суғд дар нимсол чӣ гуна аст?
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2,6 млрд сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,6%-ро ташкил намуд.
Аз ҷумла, ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 2,91 млрд. сомонӣ ё 80,3%-и ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакиро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят гуфт, ки баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 223,8 млн доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба соли 2024-ум ба 115,9%баробар шудааст.