Қавитарин заминларза дар 70 соли охир: оқибати заминҷунбӣ дар Камчатка - видео

Дар Камчатка зилзилаи мудҳиш ба амал омад, ки дар тамоми давраи мушохида, сахттарин ба ҳисоб меравад
Sputnik
Қувваи заминларза беш аз 8,8 дараҷаро ташкил дод.
Заминларза чандин биноҳои истиқоматӣ ва маиширо хароб карда, боиси пайдо шудани сунами, ки баландии мавҷҳояш то 15 метр расидааст, гардид.
Гуфта мешавад, ки пасларзаҳои заминҷунбӣ давоми як моҳ идома хоҳад кард.
Ҳамчунин, бар асари заминларза дар Камчатка китҳо ба соҳилҳо дар Ҷопон партоб шудаанд, хабар медиҳад NHK.
Як серфер барои санҷидани баландии мавҷҳо дар наздикии шаҳри Татеяма баромад ва китҳоро пайдо кардааст.
Бар асари хатари сунамӣ дар сарзамини тулӯи офтоб аллакай беш аз як млн нафар эвакуатсия шудаанд.