ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Ба ташкили чорабиниҳо шарикон ду сол паиҳам машғул ҳастанд. Яке аз лоиҳаҳои амалигардида мусобиқаи кӯдаконаи “МегаФон Life бо сабки футбол” буд, ки дар доираи он зиёда аз 400 мусобиқаҳо дар шаҳрҳои калонтарини кишвар –Душанбе, Бохтар, Ваҳдат, Ҳисор, Истаравшан, Кулоб, Хоруғ ва Хуҷанд, инчунин дар ноҳияҳои Файзобод ва Шаҳринав баргузор карда шуданд.
Дар мусобиқаҳо наздики 3 400 кӯдакон аз 216 даста иштирок намуданд. Аз ҳама зиёд бозингарон дар мусобиқаҳои шаҳри Душанбе ва Истаравшан ҷамъ омаданд, шумораи умумии онҳо 460 нафарро ташкил дод.
Мувофиқи ҳуҷҷати нав, ки зери он директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников ва муовини президенти ФФТ Искандар Ҷалилов имзоҳои худро гузоштанд, тарафҳо ташкилкунии як қатор чорабиниҳои варзиширо ба нақша гирифтаанд. Дар қатори онҳо – мусобиқа оид ба футзал, силсилаи фестивалҳои футбол дар тамоми кишвар, мусобиқаи “МегаФон U12” дар шаҳри Душанбе.
Дар баробари ин, чорабиниҳо оид ба дастгирии дастаи мунтахаби миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафари дастаи мунтахаби наврасони кишвар ба чемпионати ҷаҳони U16 дар Қатар ба нақша гирифта шудааст.
“Мо аз идомаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон хушҳол ҳастем. Лоиҳаҳои муштараки мо шаҳодатгари онанд, ки тиҷорат ва варзиш баҳри кори умумӣ – тарбияи насли нави футболбозон ва пешбурди тарзи ҳаёти фаъол воқеан муттаҳид шуда метавонанд. Ҳамин тавр, тирамоҳи соли гузашта ҳазорҳо сокинони Душанбе дар мусобиқаи нодир, ки бо иштироки ситораҳои футбол, шоу-бизнес ва Instagram* доир гардида буд, ширкат варзиданд. Мутмаинам, ки дар пеш моро ташаббусҳои боз ҳам барҷаста, ки ба рушди футбол равона гардида, ҷавононро дар саросари ҷумҳурӣ ҳавасманд менамоянд, мунтазир хоҳанд буд!”, - қайд намуд директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.
“Дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои амалигардонии вазифаҳои мо дар самти рушди футболи оммавӣ ва кӯдакона хеле муҳим аст. Ин на танҳо муносибатҳои шарикона, балки қадами устувор сӯи ояндаест, ки дар он ҳар як кӯдак барои баромадан ба майдони футбол ва санҷидани қувваҳои худ имконият пайдо хоҳад кард”, - қайд намуд муовини президенти ФФТ Искандар Ҷалилов.
* Фаъолияти Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун шабакаҳои экстремистӣ манъ аст.