Дар Суғд гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одам афзоиш ёфтааст

Давоми шаш моҳи аввали соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд, 130 ҳодисаи нави сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта бештар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одам дар Суғд афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Маъруф Ҳоҷибоев зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
Ба гуфтаи ӯ, давоми шамоҳаи аввали соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд, 130 ҳодисаи нави сирояти ВНМО ба қайд гирифта шуд, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта 4 нафар зиёд аст, иттилоъ дод идораи тандурустии Суғд.
Аз ҷумлаи бақайдгирифтагон дар 6 моҳи соли 2025 - 39 нафар фавтиданд, ки 6 нафарашон дар соли ҷорӣ дарёфт шудаанд, афзуд манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта гирифтории 15 никоҳшаванда ба ВНМО зимни ташхиси пеш аз хонадоршавӣ маълум шуда буд.
Дар Суғд 15 никоҳшаванда гирифтори ВНМО ва 25 -и дигар девона баромаданд
ВНМО (ВИЧ) — ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад.
Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente — сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО вируси аз ҳама зиёд омӯхташуда дар ҷаҳон мебошад.