Русия дар панҷгона: Тоҷикистон гуфт маҳсулоташро ба кадом кишварҳо мефурӯшад

Агентии содироти Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки имрӯзҳо маҳсулоти содиротшудаи кишвар дар 50 кишварди дунё фурӯхта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тавре Хуршед Зуҳурзода, муовини якуми директори Агентии содироти Тоҷикистон кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар шаш моҳи соли равон Тоҷикистон ба 50 кишвари хориҷи дуру наздик маҳсулот содирот кардааст.
Ба гуфта мақомдори тоҷик, миёни 50 кишвар панҷ кишваре, ки маҳсулоти Тоҷикистон ба онҳо содирот шудааст Русия, Узбекистон, Туркия, Чин, ва Нидерландия дар феҳрист дар ҷойи аввал қарор доранд.
Зимни нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки содироти маҳсулоти Тоҷикистон бе дарназардошти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки содироти онҳо хусусияти фармоишӣ дорад, 953.1 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 255,1 млн. доллар ё 36% бештар мебошад.

“Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо 919,3 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 250,1 млн. доллар ё 37,4% зиёд гардид”, - хабар даданд масъулини Агентӣ.

Ҳамчунин ба иттилои оқои Зуҳурзода дар нимсолаи якуми соли равон 90,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,9 млн. доллар содирот шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 ҳазор тонна ё 5 млн. доллар зиёд мебошад.
Тоҷикистон ба хориҷ чӣ мефурӯшад?
Муовини якуми директори Агентии содироти Тоҷикистон қайд кард, ки ин нишондиҳанда бадандтарин нисбат ба солҳои қаблӣ мебошад.
Зикр гардид, ки сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк 18,2 млн. доллар (53,7%), меваҷот 7,9 млн. доллар (23,3%), сабзавот 4,7 млн. доллар (13,8%) ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 3,1 млн. доллар (9,2%) ташаккул ёфтааст.
Ҳамчунин Агентӣ хабар додааст, ки КВД “Тоҷикагропромэкспорт” ва агентӣ ба хориҷ зардолу, карам, бодиринг, кулфунай, гулкарам, боқлаҷон, ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия содирот намудаанд.
Тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 4,7 млрд. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 316,8 млн. доллар ё 7,2% зиёд мебошад.