Дар Тоҷикистон наворбардории филм дар бораи бабри барфӣ оғоз мешавад

Нахустнамоиши филми "Соҳиби кӯҳҳои Олтой" дар бораи бабри барфӣ моҳи октябри соли 2023 баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Наворбардории филми дувуми "Соҳиби кӯҳҳои Олтой" дар бораи бабри барфӣ, ки зери хатари нобудшавӣ қарор дорад, дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
Дар умум, ин филм дар 12 кишваре, ки макони зисти озодапаланганд ба навор гирифта мешавад.
Дар ин бора, директори иттиҳодияи байниминтақавии "Маркази омӯзиш ва ҳифзи бабри барфии "Ирбис" Даря Петрова дар ҳошияи Форуми байналмилалии экологӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
"Ин як лоиҳаи байналмилалӣ аст. Ҳамаи кишварҳое, ки он ҷо бабри барфӣ зиндагӣ мекунанд ширкат мекунанд. Ин 12 кишвар аст. Мо тадриҷан тамоми кишварҳоро фаро гирифта истодаем".
Наворбардорӣ аллакай дар Ҳиндустон, Муғулистон ва қисман дар Қирғизистон сурат гирифтааст.
"Наворбардорӣ дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки раванди наворбардорӣ бо махфӣ будани озодапалангон душвор мешавад. Онҳоро сабт кардан, як чизи камёб аст. Дар робита ба ин, эълони вақти дақиқи анҷоми филм мушкил аст, афзуд директори иттиҳодия.
Дар остонаи нобудшавӣ: ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд
Нахустнамоиши филми "Соҳиби кӯҳҳои Олтой" дар бораи бабри барфӣ моҳи октябри соли 2023 баргузор шуд. Ин филмро давоми се сол ба навор гирифтанд.
Ба гуфти созандагон, бори аввал аст, ки чунин достони муфассал дар бораи зиндагии бабри барфӣ сабт мешавад.
Бабри барфӣ ё озодапаланг (ирбис) - ягона намуди гурбаҳои калонест, ки ба зиндагӣ дар шароити сахти баландкуҳ мутобиқ шудааст.