ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия барои ҳалли низоъ дар Украина роҳҳои сиёсӣ ва дипломатиро афзалтар медонад/
Дар ин бора Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия изҳор дошт.
"Мо борҳо гуфта будем, ки ин кор бо василаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои мо афзалтар аст. Амалиёти вижа дар шароите идома дорад, ки ин василаҳо ғайриимкон шуда, ҳама пешниҳодҳои муколама ҳам аз ҷониби худи Украина ва ҳам аз ҷониби ғарбиҳо рад карда шуданд. Агар мо тавонем ба канали ҳалли дипломатӣ гузарем, пас ин барои мо гузинаи афзалиятнок хоҳад буд",- гуфт ӯ.
Дар посух ба суол дар бораи он ки Русия пас аз анҷоми амалиёти вижа равобит бо Украинаро бар асоси кадом принсипҳо бунёд хоҳад кард, Песков қайд кард, ки нахуст муноқиша бояд ҳал шавад.
"Мо бояд иҷрои воқеии вазифаҳоеро, ки амалиёти вижа дучор шуда буд, сабт кунем, <...> ва баъд дар бораи чӣ гуна сохтани муносибатҳо фикр кунем", - шарҳ дод намояндаи Кремл.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, Маскав дар заминаи танзими авзоъ дар атрофи Украина усулҳои дипломатиро афзалтар медонад, аммо бояд иллатҳои аслии бӯҳрони Украинаро аз байн бурд.
Музокироти сеюм дар Истамбул
Рӯзи чаҳоршанбе намояндагони Маскав ва Киев дар Истамбул дидори севвуминро баргузор карданд, ки тақрибан як соат идома кард.
Дар поёни мулоқот раиси ҳайати Русия Владимир Мединский изҳор дошт, ки тамоми созишномаҳои башардӯстонаи даври дуввуми музокирот иҷро шудаанд.
Ин дафъа ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки табодули афроди захмии вазнин ва беморонро идома диҳанд.
Русия омодагии худро барои интиқоли се ҳазор ҷасади дигар аз сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба Киев изҳор дошта, ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ба миқдори камаш 1200 нафар аз ҳар тараф табодули асирон шавад.