ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир теъдоди корбарони интернети сими хонагӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 4 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин бора Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ зимни посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон дар нишасти хабарии ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали ниҳодаш изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 5,1 млн нафар ба интернет дастрасӣ доранд, ки ҳудуди 200 ҳазор нафар аз интернети симӣ истифода мекунанд.
Ҳамин тариқ, ҳиссаи корбарони интернети мобилӣ хеле зиёд буда, бар души операторон бори гарон эҷод мекунад, ки ба сифати алоқа таъсир мерасонад, қайд кард Исфандиёри Саъдулло.
"Сиёсати мо ин аст, ки интернети симӣ аз хона ба хона ба дурдасттарин манотиқ паҳн карда шавад. Мо аллакай ин корро оғоз кардаем", - гуфт ӯ.
Ширкати "Тоҷиктелеком" барои тағйири вазъ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохторҳои мавҷударо барқарор кард.
"Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳо интернети симӣ мавҷуд аст. Имрӯз мо барои фарогирии марказҳои шаҳру ноҳияҳо кор карда истодаем ва баъдан Шабакаро дар деҳот тавсеа хоҳем дод", - иброз дошт сардори Хадамоти алоқа.
Вай афзуд, феълан як тарҳи бузурге амалӣ мешавад, ки барои таҷдиди инфрасохтори интернетии симӣ дар саросари кишвар ҳудуди 3,5 ҳазор километр хати бунёдро тақозо мекунад.
"Аз нигоҳи мо интернети симӣ арзонтар ва боэътимодтар аст ва тавсеаи он бори мушкилро аз дасти операторони мобилӣ дур мекунад",- гуфт ӯ.
Дар татбиқи барнома, ба гуфтаи раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" нақши бузург хоҳад дошт, зеро дар саросари кишвар алоқа, радио ва телеграфро таҳти назорат дорад.
Аммо, ин маънои онро надорад, ки провайдерҳои тиҷоратӣ дар лоиҳа иштирок карда наметавонанд.