ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар мулоқоти нахуствазирони Русия ва Арманистон Михаил Мишустин ва Никол Пашинян масъалаи ширкати минбаъда дар кори Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) баррасӣ шуд.
Дар ин бора, муовини сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук изҳор дошт.
"Дар маҷмӯъ, Арманистон – ва имрӯз ҳам, ин масъала баррасӣ шуд – тасмим дорад, ки шарикиро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё идома диҳад", - гуфт муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар ҷамъбасти мулоқот ба хабарнигорон.
Мишустин ва Пашинян дар ҳошияи Конфронси байнулмилалии муҳити зист дар Олтой мулоқоти ҷудогона низ баргузор карданд.
Дар ҳамин ҳол, Маскав аз бархе аз масоил изҳори нигаронӣ мекунад. Оверчук тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва коҳиши гардиши мол миёни ду кишвар таваҷҷӯҳ карданд.
Ба гуфтаи ӯ, нахуствазирон роҳҳои ҳалро бораи беҳбуди вазъ, баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 9 январ ҳукумати Арманистон тарҳи қонун дар бораи пайвастани ин ҷумҳурӣ ба ИА-ро тасвиб кард.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, хоҳиши пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ҳуқуқи соҳибихтиёрии кишвар аст.
Дар навбати худ, муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук таъкид кард, ки Маскав пайвастани Ереван ба Иттиҳодияи Аврупоро оғози хуруҷи он аз ИИАО медонад ва сиёсати иқтисодии худро бо назардошти ин вазъият таҳия хоҳад кард.