Зиндагии паноҳҷӯёни афғон дар вилояти Суғд чӣ гуна аст? - видео

Мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, паноҳҷӯёни афғон дар шимоли кишвар зиндагии хуб доранд ва барои онҳо ҳама гуна шароити зист фароҳам оварда шудааст
Sputnik
Дар ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов18 оилаи афғон бо теъдоди 59 нафар ва дар ҷамоати Меҳробод 21 оила иборат аз 99 нафар ба сар мебаранд.
Аз ин шумор 16 нафар кӯдакон дар мактаби рақами 14 ва 25 нафар дар мактаби рақами 17 таҳсил мекунанд.

"Шароити зисташон хуб аст, пайваста бо онҳо дар тамос ҳастем, кумак мекунем. Мо барои афғонҳо мунтазам чорабиниҳои гуногун, мизҳои мудаввар, бозиҳо ташкил мекунем", - гуфт муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зумрад Муталибзода.

Бино ба иттилои ӯ, шуғли асосии паноҳандагони афғон дар шимоли кишвар хариду фурӯш дар бозорҳо мебошад. Вале, миёни онҳо навозандашгон ва овозхонон низ ҳастанд, ки пайваста ба чорабиниҳои гуногун ҷалб карда мешаванд.
Сарнавишти норавшани паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон
Тафсилоти бештарро дар бораи буду боши паноҳандагони афғон дар вилояти Суғд дар видеои Sputnik Тоҷикистон бубинед.