Таъини кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои баланд: кӣ чӣ мақом гирифт?

Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои нав дар вазорати тандурустӣ, адлия, кишоварзӣ, эенержӣ суҳбат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Презиленти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъиноти кардӣ анҷом дода, вазифаҳои баландро ба мутахассисони ҷавон дод.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гузориш медиҳад.
Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон даъват кардааст.
Дар Тоҷикистон 18%-и мансабҳои давлатӣ холӣ будаанд
Кишвардор дастур додааст, ки дар тарбияи кадрҳои ҷавон ба омӯзиши амиқи технологияи навтарин, рақамисозӣ, забонҳои байналмилалӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шавад.

Кӣ омаду кӣ рафт?

Зайниддинзода Фарух Мирзомуддин муовини якуми сармуҳандиси Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" гардид.
Қосими Охун муовини сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.
Назарзода Сафаралӣ Гулмурод муовини вазири кишоварзӣ таъин гардид.
Сафарализода Зафар Сафаралӣ аз аз вазифаи муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент озод ва муовини вазири адлия таъин шуд.
Муҳиддин Ҳабибулло Хайруллозода муовини вазири тандурустӣ таъин шуд.
Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор муовини якуми вазири тандурустӣ таъин гардид.
Шафизода Ҷамшед Додархоҷа бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳандиси Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии "Роғун" озод гардид.
Шодихон Ҷамшед бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ озод карда шуд.
Муҳсинзода Ғафур Муҳсин бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини якуми вазири тандурустӣ озод шуд.
Ҳасанзода Беҳруз Муҳаммад муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президент таъин гардид.
Муминзода Меҳроб Абдусаттор муовини якуми директори Агентии назорати давлатии энержӣ таъин шуд.
Абдуллозода Фирдавс Асатулло муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорон таъкид кардааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва муомилаю муошират манфиати давлат ҳамеша бояд дар ҷойи аввал гузошта шавад.