ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Соли равон 15 нафар дар Тоҷикистон ба хотири "номувофиқ будан" аз мансабҳои худ маҳрум шудаанд.
Илёс Идрисзода, директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамасола комиссияҳои аттестатисонӣ арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатиро анҷом дода, дар мавриди ояндаи онҳо тасмим мегиранд.
Идрисзода мегӯяд, аслан панҷ меъёр вуҷуд дорад, ки агар хизматчии давлатӣ ба онҳо мувофиқат кунад, ҳаққи на фақат дар вазифа кор кардан, балки вазифаи баландтар гирифтанро низ дорад.
"Дар акси ҳол, ӯ барои ишғоли мансаб номувофиқ ҳисобида шуда, ё бо такмили ихтисос фаро гирифта, баъдтар боз аз аттестатсия гузашта, соҳиби вазифа мешавад ё аз дигар тайёрӣ мебинад ва ё ҳам аз вазифа озод мешавад”, - гуфт Илёс Идрисзода.
Ба қавли ӯ, ҳангоми аттестатсия сатҳи огоҳии хизматчиёни давлатӣ аз санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, забондонӣ, кор бо компютер ва донистани таъриху фарҳанги миллӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.
“Аз кормандони одӣ то сардорони раёсатҳо аз ин санҷиш мегузаранд. Дар ҳамаи соҳаҳо мутахассисони соҳа имтиҳон мегиранд ва бал мегузоранд, агар бали касе нарасад, ӯ барои ишғоли вазифа номувофиқ ва ё балли баланд гирад, мувофиқ ҳисобида мешавад”, - гуфт директори Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон.
Таҷрибаи аз аттестатсия гузарондани хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 ба ин сӯ тибқи Низомномаи тартиб ва шартҳои гузарондани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ки бо фармони президенти Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ ва ҳамасола дар идораҳои мухталиф гузаронда мешавад.
Тибқи иттилоъи Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли равон 1 ҳазору 138 хизматчии давлатӣ бо аттестатсия фаро гирифта шуда, 1 ҳазору 52 нафар, аз ҷумла 233 зан ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ ҳисобида шуданд.
Дар пайи ин 19 нафар, аз ҷумла 4 зан ба мансаби баландтар тавсия, 25 нафар, аз ҷумла 4 зан ба рӯйхати захираи кадрҳо ва 23 нафари дигар барои пеш аз муҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия дода шудаанд.
Ҳамзамон комиссияҳои аттестатсионӣ 86 нафар, аз ҷумла 11 занро ба мансаб номувофиқ арзёбӣ карда, 59 нафар, аз ҷумла 8 занро барои ба такмили ихтисос, 12 нафар, аз ҷумла 2 занро барои омодагӣ ва 15 нафарро барои аз мансаб озод намудан тавсия додаанд.
Дар умум, дар ҳоли ҳозир дар мақомоти давлатии Тоҷикистон 18 ҳазору 609 нафар кор мекунанд, ки 81,9% - и шумораи умумиро ташкил медиҳад. Дар мақомоти давлатӣ, бино ба иттилоъи расмӣ, 4 ҳазору 102 ё 18% - и ҷойи кор холӣ аст.