ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik.Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздидҳо аз ВМКБ ва Суғд бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Ҳадафи сафар шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва суҳбат бо мардуми минтақа мебошад, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, президент боздидро дар минтақа аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз карда, нахуст бинои Раёсати молияи Вазорати молияи дар ноҳияи мазкурро ба истифода дод.
Ҳамзамон сарвари давлат дар шаҳраки Москваи ноҳия Муассисаи томактабиро ифтитоҳ кард, ки он дуошёна буда, дар майдони 0,56 гектар сохта шуда, аз 2 ҳуҷраи корӣ, 6 хонаи хоби кӯдакон, 8 айвонча, майдони бозӣ барои кӯдакон, толорҳо барои гузаронидани машғулияту чорабиниҳо, ошхона, ҳаммом ва анбор барои нигоҳдории сузишворӣ иборат мебошад.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон даромадгоҳи деҳоти Панҷоб ва роҳи мумфаршгардидаро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёду таҷдид шудааст мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳ дар ин масир 12,75 километрро дар бар гирифта, шаҳраки Москва, деҳаҳои Сайроби деҳоти Панҷоб ва Сомониёни деҳоти ба номи Саидқул Турдиевро бо ҳам мепайвандад.
Роҳи мошингард асосан солҳои 80-уми асри гузашта бунёд ёфта, бо мурури замон масофаи зикргардида таъмирталаб ва ҳаракати нақлиёти боркашу мусофиркаш мушкил гардида буд.
Барои таҷдиди пурраи роҳ 21,6 млн сомонӣ харҷ шудааст.
Ҳамчунин дар минтақа кишвардор корхонаи истеҳсоли асфалту бетонро мавриди истифода қарор дод.
Гуфта мешавад, ки корхонаи нави саноатӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷобиров Абдулазиз дар майдони 8,17 гектар ба маблағи 2,5 млн сомонӣ сохта шуда, бо хатти муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Иқтидори корхона дар як соат 70 тонна асфалт ва 60 метри мукааб бетонро ташкил дода, дар он 100 тан бо ҷои корӣ таъмин шудаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, ки ифтитоҳи иншооти дигар дар ноҳия идома дорад.