Қарзи маош дар Тоҷикистон кам шудааст: эълони калонтарин соҳоти бидеҳкор

Ҳарчанд қарзи маош дар умум кам шуда бошад, аммо ҳанӯз ҳам бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалу нақлиёт аз қарздорони асосиянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Қарздорӣ аз маош дар Тоҷикистон саз аз аввали сол дар умму коҳиш ёта, аммо дар баъзе соҳаҳо зиёд шудааст.
Ба гузориҷи Оҷонсии омор, маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи майи соли ҷорӣ 31554,6 ҳазор сомониро ташкил додааст
То охири моҳи майи соли 2025 нисбат ба маълумоти то охири моҳи апрели соли 2025 қарздорӣ ба маблағи 2131,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 6,3% кам шудааст.
Ин ниҳод мегӯяд, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то оғози моҳи июн нисбат ба маълумоти то охири моҳи апрели соли 2025 дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ 1791,2 ҳазор сомонӣ ё 6,6 фоиз кам шуда, 25351,9 ҳазор сомониро ташкил кард.
Камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ 1525,2 ҳазор сомонӣ ё 20,8% ва дар таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 378,7 ҳазор сомонӣ ё 13,8% сабт шудааст.
Тағйирот ба қонун: Президент минбаъд маоши раисони парлумону муовинонашонро муаян мекунад
Дар соҳаи саноати коркард 56,5 ҳазор сомонӣ ё 8,4%, истихроҷи канданиҳои фоиданок 55,7 ҳазор сомонӣ ё 0,4% ва дар таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво 0,5 ҳазор сомонӣ ё 0,7% зиёд мушоҳида шудааст.
Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ бошад, қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат 340,6 ҳазор сомонӣ ё 5,2% кам шуда, 6202,7 ҳазор сомониро ташкил дод.
Камшавии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар соҳаи иттилоот ва алоқа ба маблағи 309,9 ҳазор сомонӣ ё 77,4%, дар фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ 11,4 ҳазор сомонӣ ё 17,8% ва дар дигар хизматрасониҳо 66,6 ҳазор сомонӣ ё 16,1% мушоҳида карда шудааст.
Аммо дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор бошад, ба маблағи 32,0 ҳазор сомонӣ ё 0,6% зиёд шудааст
Тибқи додаҳои Оҷонсӣ, қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии иқтисодӣ дар истихроҷи канданиҳои фоиданок – 15624,9 ҳазор сомонӣ аз маблағи умумӣ, кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ – 5804,7 ҳазор, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа – 2370,8 ҳазор, сохтмон – 753,6 ҳазор ва саноати коркард 728,4 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст.
Дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ қарздории аз ҳама зиёд дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор – 5623,7 ҳазор сомонӣ ва дар иттилоот ва алоқа 90,6 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.