Сармоягузориву тиҷорат: Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз нассоҷӣ 3 млрд доллар фоида гирад?

Агар Тоҷикистон тавонад коркарди 100% - и пахтаро то маводи ниҳоӣ бирсонад, ба гуфтаи коршиносон, имкон дорад ҳамасола то 3 млрд доллар фоида ба даст орад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои рушди саноати нассоҷӣ ҷиддан дасту остин бар задаанд. Таваҷҷуҳи хоса ба ин соҳа аз нахустин форуми байналмилалии нассоҷӣ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд, шаҳодат медиҳад, ки дар он намояндагони 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи аввалин Форуми байнулмилалии нассоҷӣ дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, баргузории ин форум тааҳҳуди ҷиддии мо дар рушди саноати нассоҷӣ, ба унвони яке аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодиро ба намоиш мегузорад.
"Вазифаи стратегии мо на фақат ҳифзи суннатҳои қаблӣ, балки навсозии назарраси зарфиятҳои тавлидӣ ва фароҳамсозии гузор аз содироти маводи хом ба тавлиди маҳсулоти нассоҷии бокайфият ва рақобатӣ аст”, - гуфт Қоҳир Расулзода.
Аммо, барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршуда як қатор мушкилотро ҳал кардан лозим аст. Яке аз мушкили асосӣ якбора кам шудани хосили пахта мебошад.
Тибқи иттилоъи вазорати кишварзии Тоҷикистон, соли 2024 дар кишвар 253,3 ҳазор тон пахта ба даст омад ва ин ҳам дар ҳоле, ки ин рақам дар қиёс бо як соли пеш коҳишро нишон медод - соли 2023 дар кишвар 344,3 ҳазор тон пахта тавлид шуда буд.
Ба гуфтаи ҳукумат, яке аз тадбирҳое, ки метавонад ин вазъро ҳал кунад, афзоиши майдони кишт мебошад. Дар ҳоли ҳозир, бино ба иттилоъи расмӣ, дар 175 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон пахта кишт мешавад, дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ ин рақам ду ва ҳатто се баробар зиёд буд.
Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ дар Душанбе чӣ гуна гузашт - видео
Барои ҳамин, бино ба гузоришҳое, ки Sputnik Тоҷикистон аз манотиқи пахтакор ба даст овардааст, як соли ахир мақомот талош доранд, ки деҳқонон майдони кишти "тилои сафед"-ро вусъат диҳанд ва ба ҷои дигар фаровардаҳои кишоварзӣ бештар ба пахтакорӣ рӯй оранд.
Мушкили дигаре, ки Расулзода ном бурд, ин аст, ки Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан сеяки маҳсулоти тайёрашро ба хориҷ содир мекунад.
“Агар мо то 30%-и риштаи пахта дар Тоҷикистонро ба маҳсули ниҳоӣ коркард кунем, дар кишварҳои ҳамсоя ин рақам ба 100% расидааст. Вазифаи давлат ва вазоратхонаҳои муртабит тағйири вазъ дар кӯтоҳмудат аст. Албатта, ин кори душвор ва ниёзманди ҳазинаи бисёр аст, вале мо мутмаинем, ки дар ин масир гом бармедорем ва ба он даст хоҳем ёфт”, - гуфт Қоҳир Расулзода.
Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ба рушди силсилаи истеҳсолот – аз ресмон то маҳсулоти ниҳоӣ фаъолона машғул аст.
Аммо, мақомот эътироф мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафи аслӣ – коркарди пурраи 100% -и пахта ба матоъ – наздик ба 800 млн доллар сармояи хориҷӣ зарур аст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон қасд дорад ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунад, таъкид кард Расулзода. Масалан, дар кишвар ба сармоягузорон имтиёзоти андоз ва гумрук пешбинӣ шудааст.
Стратегияи миллии рушди саноати нассоҷӣ, ки то соли 2040 ҳисоб шудааст, ҳамчунин татбиқи барномаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна, ифтитоҳи минтақаҳои саноатӣ бо инфрасохтори омода ва омодасозии фаъолонаи коргарони соҳибихтисосро дар бар мегирад.
Расулзода: Саноати нассоҷӣ метавонад муҳаррики иқтисоди Тоҷикистон шавад
Ҷудо аз ин, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии маҳз соҳаи нассоҷӣ қимати барқ барои корхонаҳои нассоҷӣ аз 1 июни соли равон 50% дарсад арзон шудааст. Агар дар гузашта 4 сент буд, ҳоло нисфи ин маблағ аст.
Мақомоти ҷумҳурӣ интизор доранд, ки ин тадобир ба онҳо имкон медиҳад то соли 2040 ба коркарди 100% пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ ноил шаванд. Дар ин сурат, ба гуфтаи коршиносони соҳа, Тоҷикистон метавонад ҳамасола то 3 млрд доллар фоида ба даст орад. Аммо, ҳоло ин рақамҳо чандон дилхушкунанда нест: соли гузашта содироти нассоҷӣ тақрибан 150 млн доллар ё 2,5% ҳаҷми умумии содиротро ташкил дод.

Имконият ҳаст

Ба гуфти вазири саноат ва технологияҳҳои нави Тоҷикистон, бозсозии саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ боиси афзоиши рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, эҷод шуғлҳои ҷадид ва таҳрики рушди иқтисодӣ хоҳад шуд.
"Мо таваҷҷуҳи вежа ба эҷоди кластерҳои пахтаву нассоҷӣ дорем, ки шомили кулли чархаи тавлид аз кошти пахта то тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ аст. Рушду тарвиҷи низоми “Пахтаи беҳтар (Better Cotton)” дар тамоми мароҳил аз кишт то тавлиди матоъ дар Тоҷикистон ба шиддат пайгирӣ мешавад. Хушҳолкунанда аст, ки ширкатҳое дар Тоҷикистон барнома доранд бар асоси низоми “Пахтаи органик (Оrganic cotton)” ва GOTS фаъолият кунанд ва бо иҷрои низоми контроли кайфият дар тамоми мароҳили тавлид ва истифода аз фановариҳои ҷадид, мавқеияти маҳсулоти ниҳоиро дар бозори ҷаҳонӣ беҳбуд диҳанд", - гуфт Шералӣ Кабир.
Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон тарҳи 10 кластери пахтаву нассоҷӣ ё маҷмуаи нассоҷии калонро рӯи даст гирифтааст, ки дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Навоҳии тобеъи марказ ва шаҳри Душанбе таъсис ёфта, дар онҳо тамоми раванди марбут ба пахта - аз кишт то риштаву матоъ ва маҳсулоти ниҳоӣ сурат хоҳад гирифт.
Тоҷикистон талош хоҳад кард нахи пахтаро дигар ба хориҷ содирот накунад
Акмал Шарифзода, сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар баробари эҷоди зарфиятҳои истеҳсолии ҷадид ба бозсозии ззарфиятҳои қаблӣ низ ниёз аст.
"Дар ҳоли бозсозии зарфиятҳои қаблӣ ва бо истифода аз тамоми иқтидори мавҷуд имкон дорад, ки ҳамин ҳоло нисфи риштаи пахта дар кишвар ба пуррагӣ коркард шавад. Масалан, соли гузашта 127 ҳазор тон риштаи пахта ба даст омад ва ҳудуди 40 ҳазор тони он коркарди ниҳоӣ шуд. Аммо мо иқтидор дорем, ки ҳудуди 65 ҳазор тон ё 50% -- и маводи хомро пурра коркард кунем”, - гуфт Акмал Шарифзода.