ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи мақомоти вилоят баргузор шуд, ки дар натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимаи якуми соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Дар ин ҷаласа раиси вилояти Хатлон аз масъулин тақозо кард, ки барои рафъи мушкилоти мавҷуда, тақвияти истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои муассир андешида шаванд.
“Вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар баробари дастовардҳои назаррас дар самтҳои иқтисод, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон бо як қатор мушкилоту камбудиҳо рӯ ба рӯ аст, ки барои ислоҳи онҳо барнома ва чорабиниҳои мушаххас талаб карда мешаванд”, - қайд кард Давлаталӣ Саид.
Вай дар ҷаласа аз роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои дахлдор даъват кард, ки фаъолияти худро дар нимаи дуюми сол боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.
Ҳамчунин Давлаталӣ Саид аз масъулин даъват кард, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва дастгирии бахши хусусӣ нақши фаъол дошта бошанд.
Вай илова кард, ки самаранокии идоракунии давлатӣ, ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби бештари сармоягузорӣ бояд дар меҳвари фаъолиятҳои минбаъда қарор дошта бошанд.
“Танҳо бо заҳмати дастаҷамъона ва масъулиятшиносӣ метавон ба ҳадафҳои муайяншуда дар самти рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят ноил гардид”, - гуфт Давлаталӣ Саид.