Хуттали бостонӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст

Ёдгориҳои бостонии Хуттал дар Тоҷикистон 5-умин объекти мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали бостон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Қарори дахлдор дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар Париж қабул шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёдгориҳои Хуттали қадим 5-умин мавзеи ҷумҳурӣ ҳамчун мероси ҷаҳонӣ муаррифӣ шудааст.
Номинаи мазкур 11 ёдгориҳои бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад
Сухан дар бораи дайри буддоии "Аҷинатеппа", Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратепа, Қалъаи Золи Зард, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа ва Дайри Буддоии Хишттеппа меравад
Меҳргону Санъати рубобсозӣ ва рубобнавозӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуданд
"Дар байни онҳо маҷмааи бостонии "Қалъаи Ҳулбук" - боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали бостон, ки мероси он ба шарофати тадбирҳои ҳамаҷонибаи ҳукумати Тоҷикистон эҳё гардид, нақши махсус дорад", - қайд карданд дар Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бино ба маълумоти ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои 7 то 16-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон афзуд, пешбарии номинаи “Хуттали Қадим” аз соли 2023 инҷониб идома дошт.