Тоҷикистону Русияро боз як хатсайри нави ҳавоӣ мепайвандад

Ширкати Nordwind Airlines Русия аз шаҳри Қазон ба шаҳри Бохтари Тоҷикистон парвозҳои мустақим анҷом хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия аз 16 июл парвозҳои мустақим аз шаҳри Қазон ба шаҳри Бохтарро оғоз мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ширкат.
Ширкати Nordwind Airlines қайд кардааст, ки ифтитоҳи хатсайри ҷадид пойтахти Тотористонро бо шаҳри Бохтари Тоҷикистон мепайвандад.
Қайд карда шудааст, ки нахустин парвоз дар ин масир 16 июл сурат мегирад.
Дафтари матбуоти ин ширкат таъкид кардааст, ки парвозҳо дар ин масир ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе тавассути ҳавопаймои Boeing 737 анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон тақрибан 90 дарсади парвозҳои байни Тоҷикистон ва Русия бо ширкатҳои ҳавоии Русия аст.
Сафар ба Теҳрону Ҷидда аз сар гирифта мешавад: нархи чипта чанд аст?
Дилшод Сафарзода, собиқ раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон гуфта буд, ки се ширкати ҳавопаймоии Русия (Ural Airlines, UTair и NordWind) ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, онҳо 88 дарсад аз кулли парвозҳоро анҷом медиҳанд ва 12 дарсади боқимонда тоҷикистонӣ ҳастанд, дар айни ҳол, танҳо як ширкати ҳавопаймоии миллии мавҷуд, “Сомон Эйр”, аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунад.
Хатсайри Маскав-Душанбе яке аз масирҳои асосии сафари муҳоҷирони тоҷик ба шумор меравад. Шабонарӯз дар ин масир то 7 парвоз сурат мегиранд.