Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Степашин гуфт, муносиботи Русия бо Украина пас аз амалиёти вижа аз чӣ вобаста аст

Робитаҳо бо Украина пас аз амалиёти вижа аз он вобаста аст, ки Русия бо кӣ суҳбат мекунад, гуфт сарвазири пешини Русия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Муносиботи Русия ва Украина пас аз амалиёти вижа аз он вобаста аст, ки Маскав бо кӣ муколама хоҳад кард.
Дар ин бора, сарвазири собиқи Русия Сергей Степашин дар мусоҳиба бо РИА Новости изҳори назар кард.
Степашин зимни посух додан ба суол, ки пас аз амалиёти вижа муносибати байни Русия ва Украина чӣ гуна мешавад ва барои пойдории дӯстӣ миёни халқҳо чӣ қадар вақт лозим мешавад, ду мисол овард: ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар рафти он 18 млн кас ҳалок шуд ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Аммо, то соли 1949, ба гуфтаи Степашин, ИҶШС бо Олмон аллакай муносибатҳои муътадил дошт.
"Ҳама чиз аз он вобаста аст, ки мо бо кӣ дар он ҷо муколама анҷом хоҳем дод. Ин хеле муҳим аст", - гуфт Степашин.
Пештар президенти Русия Владимир Путин низ гуфта буд, ки натиҷаи амалиёти вижаи низомӣ бояд рафъи сабабҳое, ки боиси буҳрон шуданд, фароҳам овардани шароит барои сулҳи дарозмуддат ва таъмини амнияти Русия бошад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рафъи сабаби буҳрон: Путин гуфт, натоиҷи амалиёти вижа чӣ бояд бошад
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.