ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Масъулони Идораи кишоварзии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд, ки давоми ним соли охир аз ин вилоят чӣ қадар ва чӣ навъ маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия содирот шудааст.
Давоми моҳҳои январ – июни соли ҷорӣ дар ҳаҷми 13 680 тон сабзавот ба Русия содир шудааст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи як соли қабл 13 548 тон зиёд аст, гуфт Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар умури растанипарварӣ дар такя ба маълуоти идораи гумрук.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷумла 13 390 тон пиёз содирот шудааст, ки ин рақам нисбати соли гузашта 13 300 тон бештар аст.
"Содироти меваҷот ҳам дар ин давра ба андозаи 11 524 тон баробар шудааст, ки ин омор назар ба шаш моҳи аввали соли қаблӣ 7 661 тон зиёд аст"– гуфт, Маҳмудзода.
Бар пояи иттилоъи Идораи кишоварзии Суғд давоми моҳҳои январ - июни соли ҷорӣ дар умум аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар 224 38 тон сабзиҷот содир шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта 4 148 тон зиёд мебошад.
"Дар ин давра инчунин 54 701 тон меваҷот аз он ҷумла 465 тон ангур ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки ин нисбат ба рақами умумии ҳамин давраи соли гузашта 446 тон бештар аст" – таъкид кард, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд.
Содироти маҳсулоти кишоварзии Суғд ба хориҷи кишвар умдатан ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон сурат мегирад.
Чанде пеш дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмиллалии "Савдо Суғд – 2025" дар Хуҷанд миёни кишоварзони Суғд ва соҳибкорони Русия чандин санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки бахше аз он ба содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ марбут аст.