ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар Қасри миллат пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ сарони Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳи марзӣ иштирок намуданд.
Сарони ду кишвар гузаргоҳҳои марзии “Тоҷварон” – “Қарамиқ” дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ифтитоҳ намуданд.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, ба роҳбарони ду кишвар дар ин маросим оид ба омодагӣ ба бозкушоии гузаргоҳҳо шахсони масъул гузориш доданд.
Қайд карда шудааст, ки маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон баргузор шуд.
Сипас дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов маросими имзои 14 санади нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон ва раисҷумҳури Қирғизистон ба Изҳороти муштарак миёни ду кишвар имзо гузоштанд.
Ҳамчунин пас аз музокирот санадҳои зерин миёни ду кишвар ба имзо расид:
Созишнома миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ;
Созишнома миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва мушоҳидаи фосилавии замин;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони Вазирони Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ва аккредитатсия;
Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Девони вазирони Қирғизистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ миёни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Қирғизистон;
Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои солҳои 2026-2027;
Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат барои давраи солҳои 2025-2026;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои табиӣ, экологӣ ва назорати техникии Қирғизистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии радиошунавонии Қирғизистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти илмию тадқиқотии зироаткории назди Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва коркарди саноати Ҷумҳурии Қирғизистон;
Созишнома оид ба таъсиси Шурои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Қирғизистон.
Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Қирғизистон аз 8 то 9 июл дар Тоҷикистон идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим, аз ҷумла ҳамоиши тиҷоратию сармоягузорӣ дар назар аст.