ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Нахуствазири Қазоқистон ахиран изҳор дошт, ки Афғонистон пули иртиботӣ миёни Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ аст ва кишвараш барои сармоягузорӣ дар пружаи хатти роҳи оҳани Турғундӣ – Ҳирот эълом омодагӣ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Тасним".
Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов дар нишаст сарони созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар Озарбойҷон баргузор шуд, гуфт: "Афғонистон ба унвони як пул табиӣ метавонад заминасози иттисол ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва ҷанӯбӣ бошад".
Вай ҳамчунин аз омодагии Остона барои сармоягузорӣ дар пружеи хатти роҳи оҳани Турғундӣ–Ҳирот хабар дод ва афзуд Қазоқистон тамоюли худро барои иҷрои ин пружа эълом мекунад ва дар ояндаи наздик миёни ду тараф тафоҳумномае ба имзо хоҳад расид.
Дар ин нишаст, намояндагоне аз кишварҳои Эрон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқизстон, Узбекистон ва ҳайате аз ҳукумати Толибон* ба раёсати Абдулғани Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири ҳукумати Толибон*, ҳузур доштанд.
Банно бар гузориши расонаҳо сарвазири Қазоқистон дар ҳошия ин нишаст бо Абдулғани Бародар дидор кард ва дар мавриди густариши ҳамкориҳои бозаргонӣ, логистикӣ ва кишоварзӣ гуфтугӯ кардааст.
Қаблан вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақи бо муовини нахуствазири Қазоқистон тайи дидоре дар Кобул дар бораи равобити сиёсӣ ва иқтисодии дуҷониба, ба вижа дар ҳавзаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, тронзитӣ ва ҳамлунақл баҳшсу табодул назар карданд.
Мақомдори қазоқ дар ин дидор қайд карда буд, ки кишвараш қасд дорад маблағи 500 милллион доллар дар пружаҳои роҳи оҳани Турғундӣ - Ҳирот сармоягузорӣ кунад.
Ин мақомдор тасреҳ карда буд, ки ин пружа бахше аз талошҳои Қазоқистон барои густариши иртибототи тронзитӣ бо Афғонистон ва минтақа ба шумор меравад.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.