Ҳиндустону ИИАО дар бораи таъсиси минтақаи озодии тиҷорати гуфтугӯ доранд

Ба гуфтаи намояндаи тиҷоратии Русия, кор дар ин самт хеле пуршиддат ҷараён дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Музокироти миёни Ҳиндустон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бораи имзои созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ фаъолона ҷараён дорад.
Дар ин бора ба РИА Новости намояндаи тиҷоратии Русия дар Ҳиндустон Андрей Соболев дар ҳошияи намоишгоҳи Innoprom хабар дод.
" Имкон дорад (бастани созишнома), кор идома дорад. Ба ин масъала тамоми нерӯ ҳам аз Ҳиндустон ва Русия ва ҳамаи кишварҳои узви ИИАО равона шудаанд. Ҳама мефаҳманд, ки ин як ҳадафи муҳим аст. Бархӯрдҳои гуногун дар мавриди пешрафт дар ин роҳ вуҷуд доранд. Ман танҳо кафолат дода метавонам, ки манфиатҳои тарафайн вуҷуд доранд ва дар ояндаи наздик созишнома имкон дорад ба имзо расад", - афзуд ӯ.
Бори аввал ҳиссаи Африқо дар савдои ИИАО аз содирот ба тамоми манотиқи Амрико зиёд шуд
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 10 июл дар Екатеринбург Намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" баргузор мешавад.
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё як иттиҳодияи иқтисодии ҳамгироии байналмилалӣ буда, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад. Узви ин созмон Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.