Ҳолу ҳавои Теҳрон пас аз ҳамалоти ҳавоии Исроил - Аксҳо

Эрон ва Исроил дар тӯли 12 рӯз ба ҳам зарба заданд. Теҳрон пас аз ҳамлаҳои мушакӣ дар чӣ ҳол аст - дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Sputnik
1 / 8

Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Бархости шер"-ро оғоз кард ва ҳамла ба Эронро оғоз кард, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазир, ҳадафи онро аз байн бурдани таҳдиде хонд, ки гӯё Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод кардааст.

2 / 8

Манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла Теҳрон, зери зарба қарор гирифт, ки дар он афсарони олирутба ва ҳамзамон олимони бахши ҳастаӣ кушта шуданд. Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд.

3 / 8

Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят номид ва гуфт, Тел-Авив бо сарнавишти талх ва даҳшатнок рӯбарӯ хоҳад шуд.

4 / 8

Дар посух ба бомбаборон аз Тел-Авив, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.

5 / 8

Ҳоло мақомоти Эрон хисороти ворида дар Теҳронро пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил арзёбӣ мекунанд.

6 / 8

Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор нафар қурбони ҳамлаҳои мушакӣ шудаанд.

7 / 8

Теъдоди захмиёни ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил аз 7 ҳазор нафар гузашт.

8 / 8

Тибқи маълумоти ахир, Эрон дар ҷараёни ҷанги 12-рӯза бо Исроил ба панҷ иншооти низомии ин кишвар зарба зад.