ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Вуруди Русия ба Шӯрои ҳамоҳангсозии нерӯи барқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳалқаи эенержии минтақаро пурра мекунад.
Дар ин бора коршиноси масоили энержӣ Борис Марсинкевич ба @SputnikLive дар шарҳи изҳороти роҳбари Оператори системавии Системаи ягонаи энергетикии Русия Фёдор Опадчий гуфт, ки гуфт, ният доранд ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ҳамроҳ шаванд, изҳор дошт.
Коршинос дар бораи бартариҳои ҳалқаи ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пайвастани Русия ба он сухан гуфт.
Ба таъкиди ӯ, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ системаи барқию обии кишварҳои Осиёи Марказӣ бар асари ихтилофоти сиёсӣ, низомҳои гуногуни андоз ва тарифҳо аз байн рафт. Соли 2015 Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳалқаи энергетикӣ барқарор шавад.
Қазоқистон, Қирғизистон ва баъдтар Тоҷикистон ба он дохил шуданд. Аммо, ҳалқа нопурра аст: он танҳо ҷануби Қазоқистонро фаро мегирад, дар ҳоле ки шимол аз Русия таъмин мешавад. Инчунин дар кишварҳо камбуди барқ мушоҳида мешавад.
"Хатҳои нави интиқоли барқ байни шимолу ҷануби Қазоқистон лозим аст. Ва интиқоли барқ аз Русия бояд тарҳрезишуда ва дақиқ бошад. Дар ин робита Русия пешниҳод кард, ки ба ҳалқаи энержӣ шомил шавад. То якҷо дарк кунанд, ки чӣ ҳаҷмро интизор шудан зарур аст. Ҳар чаҳор кишвар ба ин розӣ ҳастанд", - гуфт ӯ.
Пайвастани Русия ба ҳамоҳангсозии нақшаҳои рушди системаҳои энергетикӣ кӯмак хоҳад кард, гуфт роҳбари Оператори системавии Системаи ягонаи энергетикии Русия Фёдор Опадчий.
Ба гуфтаи вай, ҳукумати Русия аллакай барои пайвастани Русия ба созишнома дар бораи фаъолияти мувозинати системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва додани мақоми оператори низомии Русия мақоми панҷумин иштирокчии Шӯрои энергетикии Осиёи Марказӣ кор карда истодааст.
"Оператори системаҳои Русия ба шарофати таҷрибаи амалии худ дар идоракунии яке аз бузургтарин системаҳои энергетикии ҷаҳон ҳамчун "як гиреҳ" метавонад дар ҳамоҳангсозии нақшаҳои системаи энергетикӣ саҳми бузург гузорад", - гуфт роҳбари Системаи ягонаи энергетикии Русия.
Қаблан маълум шуд, ки Русия ба ҳалқаи энергетикии Осиёи Марказӣ шомил мешавад. Дар ин бора вазоратҳои энергетикаи Русия ва Узбакистон мувофиқа кардаанд.
Оператори системавӣ истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқро пайваста идора мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Системаи ягонаи энергетикии Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии энержии Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро дар бар мегирад, ба ҳайси нозир фаъолият мекунад.