Пешниҳоди вазири тоҷик барои эҷоди пойгоҳи рақамии боркашонӣ дар СҲШ: он чаро муҳим аст?

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба зарурати таъсиси Платформаи ягонаи рақамии СҲШ барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалӣ таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Робитаи нақлиётии байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти озуқаворӣ табдил меёбад.
Дар ин бора Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар нишасти вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Тянтзин изҳор дошт.
"Фазои СҲШ аллакай нақши як пули стратегӣ байни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро мебозад. Бо вуҷуди ин, мо бо чолишҳои нав - баланд бардоштани устувории занҷирҳои нақлиётӣ, рақамикунонии онҳо, карбонзудоӣ ва таҳияи ҳалли логистикаи сабз рӯбарӯ ҳастем", - таъкид кард ӯ.
Дар робита ба ин, Азим Иброҳим зарурати таъсиси Платформаи ягонаи рақамии СҲШ барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалиро эълон кард.
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон, чунин тадбир имкон медиҳад, ки расмиёти гумрукӣ, сарҳадӣ ва ҳамлу нақл, пайгирии ҳаракати коло дар вақти воқеӣ, содагардонии гардиши ҳуҷҷатҳо ва шаффофияти ҳамлу нақл афзоиш ёбад.
Тоҷикистон хоҳони пайвстан ба лоиҳаи роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Узбекистон" шуд
Дафтари матбуоти вазорати нақлиёт қайд кард, ки дар паи мулоқот дар Тянтзин ширкаткунандагон ёддошти ҳамкорӣ дар самти рушди хадамоти роҳ ва канори роҳи "Роҳи абрешим"-ро ба имзо расониданд.
Ҷаласаи навбатии 13-ум дар Қирғизистон баргузор мешавад.