ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Душанбе мизбони Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон мегардад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, форуми соҳибкорони тоҷику қирғиз рӯзҳои 7-8 июл баргузор мешгардад.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 7 июл барои иштирокдорони форум аз рӯи самтҳои зерин: сайёҳӣ, истеҳсолот, фурӯши яклухт ва чакана чорабинӣ доир мегардад.
Зимнан, рӯзи 8 июл Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар "Кохи Истиқлол" доир мегардад. Дар форум нахуст навори видеоӣ дар мавзӯи "Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон" манзури иштирокдорон мешавад.
Кори форум дар ҷаласаҳои панелӣ, дар мавзӯъҳои "Таҷриба хусусии ду кишвар", "Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо" ва "Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ" идома меёбад.
Дар форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок мекунанд.
Манбаъ қайд намуд, ки форум бо тамошои барномаи фарҳангӣ дар "Кохи Борбад" анҷом меёбад.