ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосил босуръат идома дорад.
Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад, ки аз аввали сол дар ҷумҳурӣ аллакай ҳудуди 537,8 ҳазор тон сабзавот ҷамъоварӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки бахши аъзами ин рақам, яъне қариб 283 ҳазор тоннаро пиёз, яке аз маҳсулоти аслии содиротии кишоварзии кишвар ташкил медиҳад.
Дар раддабандии баъдӣ сабзӣ ва бодиринг мутаносибан 63 ҳазор ва 50 ҳазор тонна мебошанд, гуфта мешавад дар гузориши Вазорати кишоварзӣ.
Дар рӯйхатро баъдӣ помидор бо нишондоди 49 ҳазор тон қарор дорад. Ҳамчунин 31 ҳазор тон карам низ ҷамъоварӣ шудааст.
Чунон ки вазорат қайд намуд, то имрӯз аз 42 ҳазор гектар киштзор танҳо 15 ҳазор гектараш даравида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки барои як қатор маҳсулот аз Тоҷикистон, яъне меваю сабзавот дар интиқоли роҳи оҳани Русия 50% тахфиф пешбинӣ шудааст.
Пешбурд аз соли 2013 вуҷуд дорад, аммо чунин ҳадди ақал танҳо дар соли 2018 муқаррар карда шуд. Барнома ҳар сол тамдид карда мешавад.