Раҳмон дар Озарбойҷон бо Пизишкиён мулоқот карду ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро расонд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳамлҳои ахири Исроил ба Эрон ба президент ва тамоми мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг изҳори ҳамдардӣ баён намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Бар хабари манбаъ, музокирот дар Озарбойҷон дар чаҳорчӯби нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки ин нахустин мулоқоти ду раҳбар пас аз муноқиша дар Ховари Миёна аст.
"Дар робита ба рӯйдодҳои ахири кишвари дӯст, аз номи сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба тамоми мардуми бародари Эрон суханони самимии ҳамдардӣ расонида шуд", - омадааст дар хабари котиботи президент.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба, инчунин рушду тавсеаи онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар бораи пурзӯр намудани иҷрои азду паймонҳое, ки дар мулоқотҳои пештара ҳосил шудаанд, аҳд карда шуд.
Суҳбати вазирони хориҷии Тоҷикистону Эрон: Муҳриддин ҳамдардӣ карду Ароқчӣ сипосгузорӣ
Фаъолияти Неругоҳи обии "Сангтуда-2" ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид.
Манбаъ афзуд, гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.
Қаблан Тоҷикистон ҳамлаи ҳавоии Амрико ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда буд. Ҷониби Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки ягона роҳи ҳалли ҳар гуна низоъ ва баҳсҳо муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад.