ДУШАНБЕ, 3 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон мавориди сабти бемории захми сӯхтанӣ ва ё захми сибирӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти зидахли кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон низ аз мавориди ибтило ба ин маризӣ иттилоъ доданд.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсими афзойиши захми сӯхтанӣ (сибирская язва) асосан ба фасли тобистон, бахусус, баъд аз хушк шудани алаф меафзояд.
“Вақте чорво алафи хушкро бо решаву хоке, ки аз қабл сироят шудаааст, мехӯрад, худ гирифтор мешавад ва ҳам касе, ки бо коркарди пӯсту пашм ва гӯшти хом машғул аст, гирифтор мешавад” – гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Вай афзуд, реша ё асароти сирояти захми сӯхтанӣ қариб 80 сол дар як макон боқӣ мемонад, аммо ташхис додани чунин маконҳо хеле душвор аст, зеро чорво дар як ҷой намеистад ва ҳамеша дар ҳаракат аст.
“Ҳол мушкил ин аст, ки қассобҳо таваҷҷуҳ намекунанд ва байторҳо ҳам муваззафанд, ки қабл аз забҳ молро ташхис кунанд. Чорво бояд дар як фосилаи муайяни замонӣ бояд ташхис шавад, бахусус қабл аз забҳ”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, ба маризии захми сӯхтанӣ тамоми чорво, аз ҷумла гову гӯсфанд ва буз, ки гӯшти онҳоро инсон истифода мекунад, метавонад мубтало шавад ва аз гӯшти он инсон сироят ёбад.
"Моли маризро бояд забҳ карда, бо меъёрҳои санитарӣ бояд нобуд кунанд, зеро агар дар ҳафт қабати замин ҳам гӯр шавад, тариқи мушу дигар хояндаҳо ва ҳатто сагҳое, ки ба он дастрасӣ пайдо мекунанд, берун оварда мешаванд. Хокро ҳам меолоянд ва ҳам худашон дигар ҷонваронро сироят мекунанд”, - гуфт ӯ.
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон гуфт, ин маризии зуд табобатшаванда аст ва дар ду соли ахир ягон ҳолати фавти инсон сабт нашудааст.
“Ниҳодҳои масъули мо вазъро назорат мекунад ва бар асоси иттилоъи мо, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ низ даст ба кор аст. Аммо ҳамоно шарти аслӣ ин аст, ки чорво бояд қабл аз забҳ аз ташхис гузаронда шавад ва аз ин ҳам муҳим ҳамасола ваксина шавад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1 июли соли равон 41 нафар дар саросари Тоҷикистон, ба ҷуз Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, ба истиснои Роғун, ба ин маризӣ гирифтор шудаанд. Соли 2023 80 ва соли 2024 – 102 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда буданд.