ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Ду филми тоҷикӣ ба барномаи аслии озмуни ҷашнвораи синамои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил шудаанд.
Дар ин бора хабаргузории Чин "Синхуа" хабар додааст.
Маълум аст, ки чорабинӣ аз 3 то 7 июл дар шаҳри Чунтсини ҷанубу ғарби Чин баргузор мешавад.
Дар маҷмуъ 20 филм аз 10 кишвари узви СҲШ ба барномаи асосии озмун шомил шуданд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора филми Далер Раҳматов "Зиндагӣ зебо аст" ва асари Манзаралӣ Шералӣ "Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат" муаррифӣ мекунанд.
Ҳамчунин филмҳои Русия, Белорус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбекистон шомил шудаанд.
Ҷоиза аз рӯи 10 номинатсия, аз ҷумла ҷоиза барои беҳтарин филм, коргардон, сенария ва бозии актёрӣ тақсим карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки ба ҳайати доварони ин ҷашнвора 9 коргардони синамо аз кишварҳои узви СҲШ шомиланд.
Аз Тоҷикистон директори киностудияи "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён ширкат хоҳад кард.
Қаблан дар Сочи ҷашнвораи байналмилалии синамо бо иштироки ширкаткунандагон аз Тоҷикистон баргузор шуда буд.
Намояндагони Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Муғулистон, Олмон, Кения, Туркия, Бразилия низ ба он ҷо омаданд.
Фестивал аз се барномаи озмунӣ, нахустнамоиши гала, намоишҳои махсус, ретроспективаҳо, модулҳои таълимӣ ва тиҷоратӣ, мубоҳисаҳои панелӣ оид ба мавзӯъҳои актуалӣ, мизҳои мудаввар, дарсҳои маҳорат, барномаҳои эҷодӣ ва ғайра иборат буд.