ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Артиши Русия тамоми қаламрави Ҷумҳурии мардумии Луганскро зери назорат гирифт.
Дар ин бора раҳбари ин минтақа Леонид Пасечник зимни суҳбат дар телевизиони "Шабакаи аввал" изҳор дошт.
"Воқеан ду рӯз пеш хабаре расид, ки қаламрави Ҷумҳурии Мардумии Луҳанск комилан озод шудааст – сад дарсад",- гуфт ӯ.
Сарвари ҶМЛ қайд кард, ки ин дастовард натиҷаи амалиёти муштараки қисмҳои низомӣ ва дигар сохторҳо мебошад.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки акнун дар қаламрави озодшуда тадобири амниятӣ тақвият дода шуда, барқарорсозии зербиноҳо оғоз мешавад.
Ба гуфтаи Пасечник, мақомоти маҳаллӣ аз ҳоло тарҳҳои барқарор кардани зиндагии осоишта ва расонидани кумаки зарурӣ ба сокинонро таҳия мекунанд.
Вай афзуд, ки аз поёни соли гузашта артиши Русия суръати ҳамлаи худро дар Донбасс афзоиш додааст.
Президент Владимир Путин моҳи март гуфт, ки артиши Русия 99 дарсади ҶМЛ-ро озод кардааст.
Пасечник қайд намуд, ки бештар аз 70%-и ҳудудҳои ҶМД, вилоятҳои Запороже ва Херсон озод карда шуд.