ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Барои иштирок дар даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дар марҳилаи асосии бақайдгирӣ 112,8 ҳазор нафар довталаб номнавис шудааст.
Дар ин бора Маркази миллии тестӣ хабар дода, афзуд, ки ин теъдод довлаталон то 25 июн номнавис шудаанд.
"Дар давраи якуми бақайдгирӣ 107,4 ҳазор довталаб ва дар давраи дуюми бақайдгирӣ то 25 июн - 5339 нафар аз қайд гузаштанд", - омадааст дар хабари ММТ.
Манбаъ афзуд, ки дар марҳилаи асосиии бақайдгирӣ, дар ҷойи аввал таваҷҷуҳ бештар ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум - "Тиб, биология ва варзиш", дар ҷойи дуюм ихтисосҳои 3-юм - "Филология, педагогика ва санъат" аз нақшаи пешниҳодгардида бештар ҳуҷҷат супориданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 то 8 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.
Барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар заминаи 47 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил гардидаанд.