ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон, ки дорои олами набототу ҳайвоноти нотакрор аст, бабри барфии нодир, хирси Тиёншон ва ҳатто қӯчқорҳои ба феҳристи сурх шомил бударо вохӯрдан мумкин аст.
Дар айни замон ба Китоби Сурхи Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 242 намуди хайвонот дохил карда шудааст.
Ҳайвоноту набототе, ки ба ин рӯйхат дохил карда шудаанд, таҳти ҳифозати махсус қарор доранд.
Дар баробари ин дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ навъхои нодири ҳайвонот пахн шудаанд.
Ҳайвоноти нодири Тоҷикистон дар куҷо сукунат доранд
© Sputnik
Ҳамин тариқ, бабри барфӣ, ки ба китоби сурх дохил шудааст, дар ҷануби Суғд ва дар ҷануби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вомехӯрад.
Маълум дар бораи макони ҷойгиршавии ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистонро аз тасвирбаён бинед.
Қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон ба Иттиҳодияи ҷаҳонии ҳифзи табиат шомил шудааст.
Дар Конфронси байнулмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Душанбе баргузор шуд, ҷумҳурӣ ба ҳайси 88-умин кишвари узв пазируфта шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба Иттиҳоди ҷаҳонии ҳифзи табиат пайвастааст. Аввали соли 2021 Узбекистон ба ин созмон шомил шуда буд.