Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё дар Минск ширкат хоҳад кард.
Бар хабари РИА Новости, рӯзи панҷшанбе кишвардори Русия дар ҷаласаи пленарии Форуми иқтисодии Авруосиё суханронӣ хоҳад кард.
Дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Минск ҳамроҳ бо кишвардори Русия ҳамчунин раҳбарони кишварҳои узви ИИАО иштирок мекунанд.
Рӯзҳои 26-27 июн дар Минск Форуми иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад. Мавзӯи аслии ин чорабинӣ "Стратегияи ҳамгироии иқтисодии Авруосиё: натиҷаҳо ва дурнамо" мебошад.
Дар форум аллакай 2,7 ҳазор ширкаткунанда аз 33 кишвари ҷаҳон сабти ном шудаанд. Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби раёсати Беларус дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2025 баргузор мешавад.