ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Эрон мавқеъи Русияро дар мавриди авҷгирии феълӣ дар Ховари Миёна қадр мекунад, гуфт вазири умури хориҷаи Эрон Аббос Арағчӣ
"Байни Эрон ва Русия ҳамеша машваратҳо буданд, мо дар ҳар як масъала гуфтугӯ ва кор мекардем, мавқеъҳои худро ҳамоҳанг мекардем. Ҳоло шароити вижа дар минтақа тақозо мекунад, ки мавқеъҳои мо бештар санҷида, ҷиддӣ ва наздиктар бошанд",- гуфт дипломат.
"Мо мавқеи Федератсияи Русияро, ки ҳамларо ба таври қатъӣ маҳкум кард, қадр мекунем", - афзуд вазир, ки ҳоло барои дидор бо Владимир Путин озими Маскав шудааст.
Вай ҳамчунин гуфт, ки интизор дорад, бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин масоили марбут ба таҳдидҳо дар Ховари Миёна, аз ҷумла ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Эронро баррасӣ кунад.
"Мо бо Русия нигарониҳо ва мухолифони муштарак дорем. Мо эътиқоди муштарак дорем, барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳои муштарак машваратҳои наздик дорем. Маҳз машваратҳо дар ин хусус рӯзи душанбе дар дидор бо раисиҷумҳури Русия баргузор мешавад",- вазири эронӣ.
Шаби 22 июн ИМА ба се иншооти ҳастаии Эрон дар Натанз, Фордо ва Исфаҳон зарба зад. Ба гуфтаи Вошингтон, ин ҳамла ба манзури несту нобуд ё ба таври ҷиддӣ заиф кардани барномаи ҳастаии Эрон тарҳрезӣ шудааст.
Ба гуфтаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Теҳрон бояд розӣ шавад, ки "ин ҷангро хотима диҳад" вагарна бо паёмадҳои хеле ҷиддитаре рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, Ҷей Ди Вэнс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, пас аз ин ҳамлаҳо, ки Эрон онҳоро ваҳшиёна ва ҷиноӣ номид, гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Ҷумҳурии Исломӣ дар ҷанг нест.
Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, "дари дипломатия бояд ҳамеша боз бошад, аммо ҳоло... ин тавр нест". Маҳз ИМА, гуфт ӯ, ба дипломатия хиёнат кард. Эрон барои ҳифзи амният ва манофеи ин кишвар тамоми чораҳоро меандешад, афзуд вай.
Созмони энержии атомии Эрон гуфт, ки рушди саноеъи ҳастаии Эрон манъ нахоҳад шуд.
Ҳамлаи ИМА дар сатҳи байналмилалӣ вокуниши манфӣ ба бор овард. Аз ҷумла Тоҷикистон ҳамалоти ИМА ва Исроил ба Эронро шадидан маҳкум кард ва аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронӣ кард.
Душанбе аз СММ ва МАГАТЭ даъват кард, ки ба мақсади роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа чораҳои фаврии қатъи андешанд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳамлаҳои ИМА-ро авҷгирии хатарнок дар минтақа ва таҳдиди мустақим ба сулҳу амнияти байналмилалӣ номид.
Русия ҳамлаҳои Амрико ба таъсисоти ҳастаии Эронро шадидан маҳкум кард - онҳо қонунҳои байналмилалӣ, Оинномаи СММ ва қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ-ро дағалона нақз мекунанд.
Маскав аз МАГАТЭ вокуниши софдилона ба рӯйдодҳоро интизор аст. Амалиёти ШМА-ро Куба ва Чин низ сахт махкум карданд.