ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми телевизиюнӣ таъкид кард, ки миллати Эрон дар муқобили ҷанги таҳмилии маҳкам меистад ҳамонгуна, ки дар муқобили сулҳи таҳмилӣ низ маҳкам хоҳад истод ва ин миллат дар муқобили таҳмил, таслими касе нахоҳад шуд.
Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба изҳороти таҳдидомези раисҷумҳури Амрико, тасреҳ кард, ки афроде, ки Эрон ва миллату таърихи Эронро мешиносанд ҳечгоҳ бо забони таҳдид бо ин миллат сухан намегӯянд зеро миллати Эрон таслим шуданӣ нест ваАмрикоиҳо бидонанд ҳаргуна вуруди низомии Амрико бидуни тардид бо садамаи ҷуброннопазир барои онҳо ҳамроҳ хоҳад буд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамлаи Исроил замоне рух дод, ки масъулони Эрон саргарми музокираи ғайримустақим бо Амрико буданд ва ҳеҷ нишонае аз ҳаракати тунду низомии сахт аз ҷониби Эрон вуҷуд надошт.
Хоманаӣ таъкид кард, ки албата аз ибтидо ҳадс зада мешуд ки Амрико дар ин ҳаракат хабосатомези Исроил дахолат дошта бошад, ки бо изҳороти ахири мақомоти Амрико, ин ҳадси рӯз ба рӯз тақвият мешавад.
Хоманаӣ бо таъкид бар инки Исроил муртакиби иштибоҳу ҷинояти бузургӣ шудааст, хотирнишон карданд, ки Исроил бояд муҷозот шавад ва дар ҳоли муҷозот шудан аст.
“Муҷозоте, ки миллати Эрон ва неруҳои мусаллаҳ барои ин душмани хабис анҷом доданд ва дар ҳоли анҷоми он ҳастанд ва барои оянда низ барнома доранд, муҷозот сахте аст ва ӯро дучор заъф кардааст”, - гуфт ӯ.
Эшон таъкид кард, ки ҳамин ки дӯстони Амрикоии онҳо ворид саҳна мешаванд, нишонаи заъфу нотавонии Исроил аст.
“Раисҷумҳури Амрико дар изҳоротии ғайриқобили қавл, сариҳан аз миллати Эрон мехоҳад, ки таслим шаванд аммо ба онҳо мегӯям аввалан таҳдидро барои касоне анҷом диҳед, ки аз таҳдид метарсанд дар ҳоле ки миллати Эрони муътақид аст, ки таҳдиди ҳеҷ гоҳ дар рафтору андешаи миллати Эрон таъсир намегузорад”, - қайд кард Хоманаӣ.
Вай илова кард, ик сонияни гуфтани ин ҳарф ба миллати Эрон ки биёед таслим шавед, ҳарфи оқилоне нест ва афрод бо хурдӣ, ки бо миллати Эрону таърихи он ошно ҳастанд, ҳечгоҳ чунин ҳарферо бар забон ҷорӣ намекунанд зеро миллати Эрони таслим шуданӣ нест ва таслими таъаррузи ҳеҷкас нахоҳад шуд.
Вай ёдовар шуд, ки амрикоиҳо касоне, ки бо сиёсатҳои ин минтақа ошно ҳастанд, медонанд ки вуруди Амрико ба ин масаъла саддарсад ба зарар ӯ хоҳад буд ва зарба хоҳад хурд.
Вай ёдовар шуд, ки амрикоиҳо касоне, ки бо сиёсатҳои ин минтақа ошно ҳастанд, медонанд ки вуруди Амрико ба ин масаъла саддарсад ба зарар ӯ хоҳад буд ва зарба хоҳад хурд.
“Зарбае ки садамаи он ба маротиби бештар аз садамает, ки Эрон хоҳад хурд”, - гуфт Хамааӣ.
Раҳбари Эрон зикр кард, ки вуруди низомии Амрико дар ин майдон бидуни тардид муҷиби садамаи ҷуброннопазир барои онҳо хоҳад шуд.