Маълум шуд, чӣ қадар фарзандони муҳоҷирон аз имтиҳони забони русӣ гузаштанд

Раҳбари Рособрнадзор қайд кард, онҳое, ки имтиҳонро бомуваффақият месупоранд, ҳақ доранд дар мактабҳои русӣ таҳсил кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Зиёда аз 3600 шаҳрванди хориҷӣ дархост кардаанд, ки фарзандонашон барои дохил шудан ба мактабҳои русӣ имтиҳони забони русиро супоранд.
Аммо ҳамагӣ 7% онҳо аз имтиҳон бомуваффақият гузаштанд, гуфт раиси Рособрнадзор Анзор Музаев дар мусоҳиба бо ТАСС дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Ӯ гуфт, Рособрнадзор ҳар моҳ натиҷаҳои санҷишро назорат мекунад.

"Аз 1 апрел то 25 май 3677 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат супурданд, ки аз ин шумора воқеан 509 нафар дар санҷиш иштирок намуданд. Тибқи маълумот, 55% кӯдак - тақрибан 270 нафар - имтиҳони тестиро бомуваффақият гузаштанд, вале 45% аз уҳда набаромаданд. Акнун кӯдаконе, ки имтиҳон супорида натавонистанд, ҳақ доранд, пас аз се моҳ аз нав имтиҳон супоранд", - гуфт ӯ.

Музаев тавзеҳ дод, ки агар шумораи умумии дархостҳои пешниҳодшударо ҳисоб кунанд, пас ҳарду талабот - пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва бомуваффақият супоридани имтиҳон - танҳо 7% иштирокчиён иҷро кардаанду халос.
Русия гуфт фарзандони муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд ба имтиҳони забони русӣ омода шаванд
Дар идома ӯ гуфт, кӯдаконе, ки аз имтиҳон гузаштанд, акнун метавонанд дар мактабҳои русӣ бидуни мушкил таҳсил кунанд.
Санҷиши донистани забони русӣ барои шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ, ки мехоҳанд таҳсилро дар мактабҳои русӣ идома диҳанд, аз 1 апрели соли 2025 ҷорӣ карда шуд.
Нагузаштани имтиҳон барои рад кардани дохилшавӣ ба мактабҳои русӣ асос мешавад.