ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Сафорати Русия дар Теҳрон ба берун овардани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доштанд, кумак кардааст.
Ба иттилои сафорати Русия дар Теҳрон, гурӯҳи 225-нафара, бо шумули аъзои хонаводаи кормандони намояндагиҳои хориҷии Русия, рӯзи 15 июн Эронро тарк карданд.
Ҳамзамон боз як гурӯҳи 88-нафара рӯзи 14 июн Эронро тарк карданд.
"Дирӯз як гурӯҳи 225-нафара, аз ҷумла кӯдакон, марзро убур карданд. Сухан дар бораи аъзои хонаводаи кормандони намояндагиҳои хориҷии Русия, ҳунармандони оркестри симфонии Чайковский ва дигар шаҳрвандони Русия меравад", -хабар додааст сафорат.
Гуфта мешавад, ки қаблан рӯзи 14 июни соли 2025 бо ширкати сафорати Русия дар Эрон ва сафорати Русия дар Озарбойҷон, нахустин гурӯҳи 88-нафара, бо шумули гурӯҳи филмбардории Фёдор Бондарчук низ аз марзи давлатии Эрон ва Озарбойҷонро убур карданд.
Сафорат қайд кард, ки ба ҷуз аз шаҳрвандони Русия, дар ин гурӯҳ шаҳрвандони Беларус, Сербистон, Узбекистон ва Тоҷикистон низ буданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо Исроил ба хоки Эрон ҳамлаҳои густарда ҳавоӣ ва мушакӣ анҷом медиҳад.