Шаҳрвандони Эрон аз сабти расмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Флаги Ирана и Таджикистана
Дар қонунгузории Тоҷикистон дар бораи будубош ва убуру мурури шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави кишвар тағйирот ворид гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба он, барои шаҳрвандони Ҷумҳури Исломии Эрон як қатор суҳулатҳо пешбинӣ шудааст.
Ин тағйир бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 29 майи соли 2025 сурат гирифта, ба банди 24 Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон” (№207, аз 31 марти соли 2020) сархати сеюм бо мазмуни “-Ҷумҳурии Исломии Эрон – барои 30 рӯз” ворид карда шудааст.
Шоҳин Самадӣ, сӯхангуи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар асоси муомила ба мисл, ба Қарори тағйир ворид гардид.
Иран Таджикистан флаг
Таъкиди Эрон бар субот дар Тоҷикистон
Мутобиқи ин тағйирот шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз озод шуданд.
“Ин ба он маъност, ки онҳо аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Тоҷикистон дар ин муддат метавонанд бидуни бақайдгирии ҳатмӣ ҳузур дошта бошанд”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.
Қаблан шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Эрон муваззаф буданд, ки тайи се рӯз худро расман дар ниҳодҳои масъули вазорати дохилаи Тоҷикистон сабт кунанд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 10 августи соли 2024 дар асоси Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, низоми бераводид амал мекунад.