ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов бо ҳайати ҳамроҳон аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" боздид кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти НБО “Роғун” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонон зимни боздид бо раванди корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти агрегатҳои амалкунандаи неругоҳ аз наздик шинос гардиданд.
Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки НБО "Роғун" бо иқтидори лоиҳавии 3600 мегаватт калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа ба шумор меравад ва ба рушди устувори иқтисодӣ ва истиқлоли энергетикии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.
Глава Татарстана Рустам Минниханов посетил Рогунскую ГЭС.
© Foto / Пресс-служба ГЭС "Рогун"
Зимни шиносоӣ роҳбарияти неругоҳ оид ба иҷрои корҳои муҳандисиву техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва раванди омодасозии марҳилаҳои минбаъдаи сохтмон суҳбат карданд.
Дар ҷараёни суҳбат бо намояндагони неругоҳ, Рустам Минниханов ибрози назар кард, ки: Роғун - на танҳо як иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, балки ифтихори мардуми Тоҷикистон ва намунаи таҷрибаи беназири муҳандисӣ дар минтақа мебошад.
“Мо дар Тотористон низ бо таваҷҷуҳ фаъолияти иншооти стратегиро пайгирӣ менамоем ва омодаем дар оянда доир ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, иқтисод ва саноат, иқдом намоем”, - гуфт ӯ.
Дар анҷоми боздид Рустам Минниханов ба Китоби ифтихории НБО "Роғун – Кохи Нур" соядаст гузошта, аз дидани иншооти нодиру умедбахши энергетикӣ изҳори хушнудӣ намуд ва онро рамзи ояндаи пешрафти минтақа номид.
Қайд карда шудааст, ки боздиди роҳбари Тотористон аз НБО "Роғун" як заминаи хубе барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Тотористон хоҳад буд.