ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Хоманаӣ дар баёнияи худ таъкид кард, ки и дасти қудратманди неруии мусаллаҳи Эрон Исроилро раҳо нахоҳад кард.
Раҳбари Эрон кушта шудани чанд тан аз фармондеҳони низомӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишварро тасдиқ карда, гуфтааст, "ҷонишинон ва ҳамкорони онон бедаранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт".
“Ҷонишинону ҳамкорони онон бе диранги вазоифи худро пай хоҳанд гирифт. Исроил бо ин ҷиноят, барои худ сарнавишти талху дарднокӣ тадорук дид ва онро қатъан дарёфт хоҳад кард”, - қайд кард Хоманаӣ.
Ба иттилои хабаргузории ИРНА, дар пайи ҳамлаи террористии режими саҳюнӣ ба Теҳрону теъдоде аз шаҳрҳои кишвар, шуморе аз фармондиҳони Низомӣ, донишмандону мардуми ғайринизомӣ ба шаҳодати расиданд.
Дар ҳамин ҳол , ситоди мудирияти буҳрон аз шаҳрвандон дархост кард оромиши худро ҳифз кунанд, ба манзури ҳифзи назми умумӣ, аз ҳаргуна иқдомҳо ки муҷиби изтироб умумӣ мешавад, худдорӣ кунанд ва фақат ба иттилооти расмӣ ва муътабар тавваҷуҳ кунанд.
Мақомоти Эрон аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ахбору дастуруламалҳои расмиро фақат аз расонаи миллӣ, каналҳои иртиботии муътабару расонаҳои расмӣ дарёфт кунанд ва фаъолони фазои маҷозӣ низ амнияти равонии ҷомеъаро увлавияти аввал дар назар бигиранд, аз тараддудҳои ғайризарурӣ ҳатто алимкон худдорӣ кунанд ва дар сурати ниёз бо кадри имдодӣ ҳамкорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Исроил бо истифода аз паҳподҳо ва 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба қаламрави Эрон ҳамлаи густарджа анҷом дод, ки дар он чан тан аз фармондеҳони аршад ва донишмандони бахши ҳастаии Эрон кушта шуданд.