ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Ҷумҳурии Тотористони Русия бо 136 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷорӣ дорад, ҳиссаи худро дар бозорҳои ИДМ боз ҳам тақвият хоҳад дод.
Ба иттилои вазири саноат ва савдои Тотористон Герман Лернер, гардиши мол бо кишварҳои ҳамсоя 4,9% афзоиш ёфтааст.
Аз чумла ба гуфтаи мақомдори тотористонӣ, табодули коло бо Тоҷикистон 110,5%, бо Қирғизистон 18,9%, бо Қазоқистон 6,3%, бо Узбекистон 1,9% афзуд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран Рухшона Насриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар як ҷаласа гуфт, ки сармоягузории кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон дар соли 2024 73% афзуда, ба 1,9 млрд доллар расида, ҳиссаи сармоягузории мустақим ҳамагӣ 45 миллион долларро ташкил додааст.
Вай аҳамияти амиқтар кардани ҳамгироӣ, маҳаллисозии истеҳсолот ва таъсиси корхонаҳои муштаракро барои рушди устувори иқтисодӣ таъкид кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вазири саноат ва савдои Тотористон Герман Лернер дар як ҷаласа афзуд, ки дар соли 2024 гардиши савдои хориҷии Тотористон 16,2 миллиард долларро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли қаблӣ 12,2% афзоиш ёфта буд.
Вай гуфт, тавозуни савдои ҷумҳурӣ мусбат аст: ҳаҷми содирот аз воридот зиёд буд.