ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард, иттилоъ додааст ҳукумати кишвар.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири кишвар барои иштирок дар дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ ба шаҳри Тошканд сафар кард.
Зимни мулоқот бо президенти Узбекистон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Узбекистонро анъанаҳои неки чандинасраи ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.
Ҷонибҳо дурнамои рушди устувори муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва таҳкими ҳамкории созандаро умедбахш арзёбӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки давоми солҳои охир робитаҳо байни Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли рушд қарор дорад ва ҷонибҳо истифодаи имкониятҳои иловагиро барои таҳким бахшидани он зарур донистанд.
Дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон, ки таҳти раёсати сарвазирони ду давлат доир шуд, паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дучониба муҳокама гардид.
Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов таҳкими робитаҳои дуҷонибаро ба сиёсати созандаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон марбут донист.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир шудани Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро барои рушди робитаҳо дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим арзёбӣ намуда, фарогирии бахшу соҳаҳои навро дар робитаҳои дуҷониба ба нафъи ҳарду давлат донист.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи мулоқоти ҳайатҳо таваҷҷуҳи асосӣ ба истифодаи манбаъҳои табиӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика равона карда шуд.
Ба тавофуқ расидан ва паҳлуҳои навро фарогир шудани ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду ҷониб дониста шуд.
Тазаккур дода шуд, ки сиёсати созандаи роҳбарони ду давлат барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд.
Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд бо сухани ифтитоҳии Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев оғоз кард, доир шудани ин тадбири муҳим барои таҳкими ҳамкорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ муҳим донист.