ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон таъсис дода шуд, иттилоъ додаас сафорати Эрон дар Душанбе.
Интизор меравад, ки таъсиси Маркази фанноварии Эрону Тоҷикистон барои боз ҳам густариши ҳамкории ду кишвари дӯст дар соҳаи фанноварӣ мусоидат менамояд.
Оҷонсиинавоварӣ вафанновариҳои диҷитали вобаста ба раёсати Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб, ба имзои 4 санади ҷадиди ҳамкории байни мақомоти ду кишвар дар ҷараёни сафари ахири Муҳаммадризои Орифӣмуовини аввали раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ишора кард.
Бар асоси ин гузориш, яке аз ин аснод, ёддошти тафоҳум дар мавриди иҷрои пружии таъсиси маркази фанноварии ду кишвараст,ки байни оҷонси навоварӣ вафанновариҳои диҷитали вобаста ба раёсати Тоҷикистону созмони тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фановаронаи байналмилалии муовинати илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати Эрон мунъақид шуд.
Эрон яке аз кишварҳои рушдёфта дар соҳаи фанноварӣ буда, бо Тоҷикистон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия ҳамкории зич ва назаррас дорад.