Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии Русия ва Тоҷикистон

Созишномаи ҳамкорӣ ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”-и Тоҷикистон ва "Воронеж"-и Русия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
"Созишномае, ки аз ҷониби МОИ "Суғд" - Тоҷикистон ва "Воронеж" - Русия имзо шудааст, ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ равона шудааст", — таъкид кардааст ҳукумати вилояти Суғд.
Санади мазкур дар ҷараёни сафари ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронеж ба имзо расонида шудааст.
Ба ҷуз аз тавофуқоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, миёни утоқҳои бозаргонӣ ва саноъати ду минтақа низ чунин тавофуқҳо ба даст омадаанд.
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо фаъолияти як қатор иншооти пешрафтаи саноатӣ ва логистикии минтақа, аз ҷумла анборҳои тақсимоти шабакаи супермаркетҳои "Пятерочка", ширкати нӯшокиҳои "Global Drinks", ширкати "Kobil Group" ва корхонаи "Масленица" шинос шуд.
Аз Русия то Тоҷикистон: дар Маскав экспедитсияи "Саёҳат ба қалби Авруосие" оғоз ёфт, ки бо форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Душанбе ба анҷом мерасад.
"Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тавсеъаи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба бозори Русия изҳор доштанд. Аз ҷумла, дар мавриди сафари гурӯҳи кории ширкати "Пятерочка" ба вилояти Суғд ҷиҳати арзёбии имконоти хариди мустақими маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар молҳо тавофуқи пешакӣ ҳосил шуд", - иттилоъ додааст манбаъ.
Тавре хадамоти матбуот қайд намудааст созишномаҳои имзошуда, барои татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои логистикӣ ва ҳавасмандгардонии савдои мутақобилан байни минтақаҳо заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.